Хабарҳо
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 16:22
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Солномаи Пешвои миллат-2018 - 17.01.2019 14:59
Шиносоии Раиси вилоят бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар шаҳри Хуҷанд - 17.01.2019 14:05
Муаррифии китоби тозанашри “Давлат, сиёсат, ҷомеа” дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд - 17.01.2019 10:45
Имсол як қатор нишастҳои маҳфили “Ганҷи сухан” дар деҳоти вилоят доир мешавад - 17.01.2019 10:34
Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ - 17.01.2019 09:56
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон - 17.01.2019 09:35
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41

Хуҷанд. Нахустин маҳфили "Дунёи маърифат" ба фаъолияти Наимахон Мӯъминова бахшида шуд

( 0 Овоз )

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд нахустин маҳфили «Дунёи маърифат» баргузор шуд, ки он ба 60 солагии фаъолияти омӯзгории «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Наимахон Мӯъминова бахшида шуд.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд фаъолияти Наимахон Мӯъминоваро барои аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд ибратбахш хонда, аз ҷумла таъкид кард, ки муаллима дар рушди соҳаи маориф, тарбияву ба камол расонидани садҳо нафар шогирдон саҳми арзанда гузоштаанд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз саҳифаҳои ибратбахши Наимахон Мӯъминова ба аҳли нишаст ёдоварӣ намуда, зикр намуд, ки фаъолияти омӯзандаашон пур аз панду ҳикмат буда, барои насли наврас ҳамчун идеали воқеъӣ таҷассум мегардад.

Таъкид гардид, ки соли 1982 Наимахон Мамадҷоновнаро мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъин менамоянд. Мавсуф дар баробари таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъулият пеш аз ҳама масъалаи кадрҳои шуъбаи маорифро дида мебароянд ва шахсони кордону педагогҳои бомаҳоратро ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ менамоянд, ки кадрҳои болаёқати интихобнамудааш баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ҷоннок намудани кору фаъолияти мактабҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Наима Мӯъминова дар тарбия ва ҷобаҷогузории шогирдон, тарғибу усулҳои нави таълим, коркарди барномаҳои таълимӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва бо кумитаи падару модарон хизмати арзанда намудаанд.Муаллима барои хизматҳои шоёнашон дар соҳаи маориф бо медали «Барои меҳнати шоён», Ифтихорномаҳои ҳукумати вилояту шаҳр, аз соли 1986 бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медал бахшида ба 20-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадр карда шудаанд. Обрӯю эътибори устоди муҳтарам, омӯзгори асил, тарбиятгари садҳо омӯзгорон дар байни маорифчиён ва ҷомеа аз меҳнати ҳалол, дониши баланд, рафтору гуфтори нек ва педагоги асил буданашон мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ шеъру таронаҳои шогирдон ба маҳфил ҳусни дигар зам намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Нахустин маҳфили "Дунёи маърифат" ба фаъолияти Наимахон Мӯъминова бахшида шуд