Хабарҳо
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд - 20.08.2018 16:58
Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:41
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд - 20.08.2018 09:38
Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов - 20.08.2018 09:36
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:21
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08

Мадина Бобоиён муовини раиси шаҳри Исфара таъин шуд

( 0 Овоз )

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода муовини раиси шаҳри Исфара ва бо фармони Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Дилшод Ҷабборӣ директори генералии ҶСШК «Тамохуш-ЗГМИ» таъин гардидаанд.

Шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр ҳамзамон бо муаррифии муовини нави раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва ҳам директори генералии ҶСШК «Тамохуш-Заводи гидрометаллургии Исфара» Дилшод Расулзода дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти ба зимаашон гузошташуда ва хизмати содиқона ба халқу давлат комёбию муваффақият орзу намуд.

Бобоиён Мадина Абдуяқинзода хатмкардаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва ҳам аспирантураи Донигоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ буда, қаблан дар вазифаҳои гуногун дар ҶДММ «Телевизиони Исфара», Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бошад хатмкардаи Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Қазони Федератсияи Русия, номзади илмҳои техникӣ буда, яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи саноат маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мадина Бобоиён муовини раиси шаҳри Исфара таъин шуд