Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара зимни конфронси «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» муаррифӣ шуданд

( 0 Овоз )

Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли равон дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси сайёҳӣ таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» доир гардид.

Ҳадафи конфронси мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара, аз ҷумла осоишгоҳи «Зумрад», чашмаву обҳои шифобахш ва дигар захираҳои сайёҳии ин шаҳр, инчунин таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мебошад.

Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода зимни конфронс иброз дошт, ки шаҳри Исфара ҳамчун минтақаи наздисарҳадӣ барои рушди сайёҳӣ мувофиқ аст. Иншооти сайёҳии Оромгоҳи Амир Ҳамза Ҳастӣ, Мадрасаи Абдулохон ва дигар захираҳои бойи сайёҳии шаҳр диққати ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб менамоянд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои нотакрори табиати биҳиштосоямон таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди хориҷиро ҷалб намуда, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ корҳои мушаххасро анҷом дода истодааст.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид, ки баҳри рушди инфрасохтор, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ва тараққӣ додани бахши сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Дар анҷоми кори конфронс байни иштирокдорон доир ба мавзўъҳои матраҳгашта ва ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати имтиёзҳои роҳандозигардидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара зимни конфронси «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» муаррифӣ шуданд