Хабарҳо
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд - 20.08.2018 16:58
Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:41
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд - 20.08.2018 09:38
Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов - 20.08.2018 09:36
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:21
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08

Ятимон дар нимароҳ намемонанд

( 0 Овоз )

Fамхории давлату ҳукумат, алалхусус Пешвои миллат нисбат ба ятимон, алалхусус онҳое, ки аз навозиши падару модар барвақт маҳрум шуданд, хеле зиёд аст. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ятимон дар паноҳи давлатанд, падарона сари онҳоро сила карда, барояшон беҳтарин шароитҳои таълиму тарбияро фароҳам меоваранд. ҳамчунин Президенти кишвар дар вохӯрию мулоқот чунин таъкид намудаанд: «Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».

Ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони «Пешвои миллат-ғамхори ятимон» бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба пешвози Рӯзи Пойтахт дар толори бинои Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иброз дошт, ки давлату ҳукумат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, фароҳам овардани шароити таҳсил ва кору фаъолиятро барои худ ҳадафи муҳтимтарин қарор додааст. Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдак аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд ва шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парасторӣ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро ба ӯҳда гирифтаанд, амали савоберо ба анҷом мерасонанд.

Мудири шӯъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва ятимону камбизоатонро дар шароити кунунӣ яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Баргузории ҳамоиши

ҷумҳуриявӣ, ки дар тамоми қаламрави кишвар дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт баргузор мегардад, баёнгари ҳамин нукта буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳамгонро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзмади аҳолӣ даъват менамоянд.

- Парҳезгориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро гирифтан, аз рӯи имконият ба шахсони камбизоат кӯмак кардан, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби инсонӣ мебошад. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ ба табақаи ниёзманди аҳолии вилоят буд, ки бо иқдоми нек ва сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар дар қаламрави мамлакат хамасола аз тарафи шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва дигар инсонҳои накӯкор хосатан дар арафаи рӯзҳои ид табақаҳои ниёманди аҳолӣ дастгирӣ ва шодишарики тантанаҳои онҳо мегарданд,- иброз дошт Тоҷибой Султонӣ.

Таъкид гардид, ки дар сафари навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо табақаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Панҷакент суҳбати гарму ҷӯшон намуда, баробари тақдими тӯҳфаҳо онҳоро барои таҳсили хубу меҳнатдӯстӣ талқин намуданд. Дар ин вохӯрӣ ба вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки барои идомаи таҳсил ва муҳайё намудани шароити зисти онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Боиси тазаккур аст, ки алҳол дар ҳудуди вилоят 15 хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо мавҷуданд, ки дар онҳо кӯдакон бо таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд. Тавассути квота бо таҳсил фаро гирифтани хатмкунандагони мактабҳо ва бо идрору кӯмакпулӣ сарфароз гардонидани онҳо аз иқдомҳои нек ба шумор рафта, ятимон аз харидории сарулибоси ягона озод мебошанд. ҳамчунин ин табақаи аҳолӣ имконияти баробар таҳсил кардан дар мактабҳои Президентӣ ва гимназияву литсейҳо дода шуда, онҳо аз имкониятҳои додашудаи маркази миллии тестӣ бархурдор мебошанд.

Баъдан қатораи мошинҳо сӯи Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» роҳ пеш гирифта, ҷавонону наврасон аз мазеъҳои таърихии шаҳр дидан намуданд.

Чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» дар Муассисаи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд анҷомбахши ҳамоиш гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ятимон дар нимароҳ намемонанд