Хабарҳо
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд - 20.08.2018 16:58
Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:41
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд - 20.08.2018 09:38
Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов - 20.08.2018 09:36
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:21
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08

Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа»

( 1 Овоз )

19 апрел бо иштироки аъзоёни гуруҳи тарғиботӣ - ташвиқотии назди Мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон Муҳаббат Поччоева ва Алиҷон Одинаев - устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон, Мамнур Нурзода - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Бахтиёр Аҳмадов - мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр дар шаҳри Бӯстон Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» баргузор гардид.

Мулоқотҳо бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, масъулини Маркази назорати давлатии сантитарию эпидимиологӣ, кормандони муассисаҳои фарҳанг, истиқоматкунандагони маҳаллаи «Ватан»-и шаҳр ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Палос баргузор гардида, аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ - ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар суханрониҳои худ оид ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, пешгирии падидаҳои номатлуб ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.

Масъулин ҳамзамон оид ба имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон ҷиҳати рушди сайёҳӣ маълумот доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа»