Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

Дар семоҳаи аввали соли 2018 дар ноҳияи Ашт 2 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд

( 0 Овоз )

Дар семоҳаи аввали соли равон дар ноҳияи Ашт ба маблағи 41 миллиону 453 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017, 8 миллиону 38 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот ба 124,1% баробар аст.

Тибқи иттилои муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ дар ин давра аз 13 корхонаи саноатӣ 10 ададаш фаъолият дошта, 7 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати соли гузашта зиёд намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи саноат 1880,1 тонна намки ошӣ, 747,7 тонна нахи пахта, 1086,2 тонна чигит, 141,0 тонна равған, 826,6 тонна кунҷора, 25,5 тонна пахтаи хоҷагӣ ва 210,0 тонна нону маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2017 истеҳсоли нахи пахта 504,4 тонна, чигит 770,8 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 5,4 тонна зиёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар давраи сипаришудаи соли 2018 бо истифодаи имконияту захираҳои дохилӣ дар ноҳия 2 корхонаи саноатӣ таъсис дода шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар семоҳаи аввали соли 2018 дар ноҳияи Ашт 2 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд