Хабарҳо
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 16:22
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Солномаи Пешвои миллат-2018 - 17.01.2019 14:59
Шиносоии Раиси вилоят бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар шаҳри Хуҷанд - 17.01.2019 14:05
Муаррифии китоби тозанашри “Давлат, сиёсат, ҷомеа” дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд - 17.01.2019 10:45
Имсол як қатор нишастҳои маҳфили “Ганҷи сухан” дар деҳоти вилоят доир мешавад - 17.01.2019 10:34
Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ - 17.01.2019 09:56
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон - 17.01.2019 09:35
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41

Бахтиёр Аҳмадзода муовини раиси ноҳияи Спитамен таъин шуд

( 1 Овоз )

Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Спитамен Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло, ки то ин вақт дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии ноҳия фаъолият дошт, муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ таъин карда шуд.

Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло 28 октябри соли 1975 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Номбурда фаъолияти меҳнатиашро баъд аз адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба ҳайси агроном-энтомологи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Андарсой»-и ноҳияи Спитамен оғоз намудааст.

Солҳои 2004-2008 раиси хоҷагии деҳқонии «Тадбиркор»-и ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Андарсой»-и ноҳия, солҳои 2008-2012 раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Андарсой»-и ноҳия ва аз соли 2012 то таъин шудан ба вазифаи муовини раиси ноҳия дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии ноҳия фаъолият дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахтиёр Аҳмадзода муовини раиси ноҳияи Спитамен таъин шуд