Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Муовинони раиси шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуданд

( 0 Овоз )

Дар як ҷаласаи корӣ роҳбарияти шаҳри Хуҷанд нафарони ба вазифаи муовинони раиси шаҳри Хуҷанд таъингардидаро ба фаъолон муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарорҳои раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода ба вазифаҳои муовинони раиси шаҳр таъин гардиданд.

Фирӯза Нуруллозода хатмкардаи факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла то ба вазифаи декани факултети забонҳои шарқ фаъолият намудааст.

Ҷамшед Абдуқаюмзода бошад хатмкардаи риштаи иқтисодии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, дар вазифаҳои гуногуни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла, мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи ин муассисаи олӣ фаъолият намудааст.

Дар анҷоми ҷаласа раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба шахсони ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида, муваффақиятҳо таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муовинони раиси шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуданд