Хабарҳо
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04
«Маданият ва қадрият»-и Абдуллозода ифротгароист - 16.10.2018 06:02
Ба беш аз 1600 нафар маъюбони гуруҳи 1 аз рӯи нобиноӣ 329 400 сомонӣ кӯпакпулӣ тақдим карда шуд - 15.10.2018 16:18
МАШ БАЧГАЛА ЦАРАНГ АҲВОЛАТ? - 15.10.2018 13:38

Сафари ҳайати 40 нафараи намояндагони Исфара ба ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон

( 0 Овоз )

Ҳайати 40 нафараи намояндагони Исфара, ки роҳбарияти шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадӣ, сарварони муассисаҳои хизматрасонӣ –Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва Шабакаҳои барқи Исфара, масъулини маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, масъулини шуъбаҳои кор бо занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум шомили он буданд, таҳти сарварии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.

Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев пазиройӣ ва истиқболи меҳмонон аз ҷониби ҳокими ноҳияи Боткон Кениш Салихов ва аҳли фарҳанги он гарму самимона сурат гирифт.

Ҷоизи зикр аст, ки таҳкими фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ, тақвиятбахшии муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамзистии осоиштаи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳадафи асосӣ аз ин сафар арзёбӣ мегардад.

Дар раванди мизи мудаввар, ки дар дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи Боткон Салихов Кениш Каримович ҳамзамон хоссатан зикр намуданд, ки бо ташаббусу кӯшишҳои муштараки роҳбарияти олии мамлакатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шудааст.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мардуми тоҷику қирғиз тули қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагонӣ доштанд ва минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагон идома дода мешавад.

Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар доир ба муҳимияти ҳамкориҳои фарҳангию-гуманитарӣ низ табодули афкори судманд баргузор шуда, роҳандозии робитаҳои бевоситаи доираҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва муҳайёсозии шароити ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва сайёҳиро муҳим шумориданд

Бо мақсади тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат ва тақвиятбахшии ҳамзистии осоиштаи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бунёди майдончаҳои муосири варзишӣ дар деҳоти наздисарҳадии Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ва Уч – Добои ноҳияи Боткон ва дар ин замина ташкилу баргузории мусобиқоти варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Баъд аз анҷоми мизи мудаввар барномаи муштараки фарҳангӣ ва боздид аз мавзейи сайёҳии «Айгул» сурат гирифт.

Тибқи нақшаи мувофиқагардида рӯзҳои наздик баргузории чунин як чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ бо ширкати намояндагони ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Исфара дар назар аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сафари ҳайати 40 нафараи намояндагони Исфара ба ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон