Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Хуҷанд: Озмуни «Ҳунарманди беҳтарин»-и маҳаллаҳо оғоз гардид

( 0 Овоз )

Дирӯз дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври аввали озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» байни маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, баргузор гардид.

Дар озмун 14 нафар ҳунармандони маҳаллаҳои «1-май», «Ҷаббор Расулов», «Содирхон Ҳофиз» ва «Сари баландӣ» иштирок карда, намунаи ҳунари хешро ба ҳайати ҳакамот пешкаш намуданд. Ҳамин тавр, аз рӯйи натиҷаи даври аввали озмун қуроқдӯз Каромат Ашӯрматова аз маҳаллаи «Ҷаббор Расулов», дар номиннатсияи «Беҳтарин ҳунар», кешбоф Башорат Ваҳҳобова аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» дар бахши «Беҳтарин муаррифӣ», асбоби мусиқисоз Абдуғаффор Абдусамадов аз маҳаллаи «1 май» дар номиннатсияи «Оилаи ҳунарманд», кулолгар Ғаниҷон Зокиров аз маҳаллаи «Сари баландӣ» дар бахши «Беҳтарин устод» ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрии озмуни «Ҳунарманди беҳтарин» роҳхат гирифтанд.

Имрӯз низ дар Хона-музейи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ байни ҳунармандони маҳаллаҳои «Темуралик, Тиллокон» ва «Мевағул» озмун идома меёбад.

Дар даври аввали озмун ҳунармандони 22 маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуда, барои ба даст овардани роҳхат ба даври шаҳрӣ ҷаҳд хоҳанд намуд.

Озмуни шаҳрии «Ҳунарманди беҳтарин» дар Рӯзи оила натиҷагирӣ карда мешавад ва ба ғолибон тӯҳфа ва дипломҳои озмун тақдим мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд: Озмуни «Ҳунарманди беҳтарин»-и маҳаллаҳо оғоз гардид