Хабарҳо
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба вилояти Суғд - 20.08.2018 16:58
Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:41
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд - 20.08.2018 09:38
Зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов - 20.08.2018 09:36
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон - 20.08.2018 09:21
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08

Афзоиши истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм дар вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Дар семоҳаи аввали соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилоят 11464,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 4,8 фоиз зиёд аст.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 48,1 фоиз, Мастчоҳ – 10,6 фоиз, Шаҳристон – 4,8 фоиз, Ашт – 4,7 фоиз  зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 68453,3 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 апрели соли 2017-ум 5,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 64,6 фоиз, Исфара – 10,6 фоиз, Истаравшан ва Мастчоҳ – 6,2 фоизӣ, Шаҳристон – 4,8 фоиз, Зафаробод – 3,7 фоиз афзудааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 93,5 фоизро ташкил менамояд.

Дар давари ҳисоботӣ ба миқдори 38391,6 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 2,9 баробар, Исфара – 33,1 фоиз, Спитамен – 30,5 фоиз,  Мастчоҳ – 16,3 фоиз,  Ашт – 14,4 фоиз зиёд намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Афзоиши истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм дар вилояти Суғд