Хабарҳо
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 16:22
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Солномаи Пешвои миллат-2018 - 17.01.2019 14:59
Шиносоии Раиси вилоят бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар шаҳри Хуҷанд - 17.01.2019 14:05
Муаррифии китоби тозанашри “Давлат, сиёсат, ҷомеа” дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд - 17.01.2019 10:45
Имсол як қатор нишастҳои маҳфили “Ганҷи сухан” дар деҳоти вилоят доир мешавад - 17.01.2019 10:34
Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ - 17.01.2019 09:56
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон - 17.01.2019 09:35
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41

Суғд. Ба маблағи 136,2 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта14,3 млн. доллар зиёд аст

( 0 Овоз )

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд  500,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 10,2 фоиз ё 46,2 млн. доллар зиёд аст.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд,ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо мамлакатҳои ИДМ 6,8 фоиз ё 25,0 млн. доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 25,0 фоиз ё 21,2  млн. доллар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - марти соли 2018 содироти мол 136,2 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 11,7 фоиз ё 14,3 млн. доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 364,6 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 9,6 фоиз ё 31,9 млн. доллар зиёд мебошад.

Маҳсулоти вилоят асосан ба Қазоқистон, Ўзбекистон, Туркия,  Россия, Чин, Нидерланд, Италия, Эронсодирот шудааст. Аз кишварҳои Қазоқистон, Россия, Чин, Литва, Ўзбекистон, Қирғизистон, Беларус ваТуркия воридоти маҳсулот ба қайд гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд. Ба маблағи 136,2 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта14,3 млн. доллар зиёд аст