Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04

Вакилон рушди туризмро баррасӣ карданд

( 0 Овоз )

16 апрел дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иҷлосияро бо гузаронидани муқаррароти расмӣ ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар баррасии рӯзномаи ҷаласаи иҷлосия 12 мавзуъ мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд дар кори иҷлосия нахуст роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Абдуваҳҳоб Ҳомидзода доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №301 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дод.

Зикр гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки он ҷиҳати рушду такомули соҳаи туризм дар кишвар мусоидат хоҳад намуд. Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд кардаанд:”Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муарриф-кунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.

Абдуваҳҳоб Ҳомидзода, таъкид сохт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадест, ки барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ хидмат намуда, муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №301 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 июни соли 2014, №262, “Дар бораи амалӣ намудани “Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 11 июни соли 2014, №410 дар бораи амалӣ намудани “Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст, ки дар асоси нақша чорабиниҳо чунин корҳо ба сомон расида истодааст.

Таъкид гардид, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 6 адад ширкатҳои сайёҳӣ ба монанди ширкати сайёҳии «Спутник», филилали «Суғдиён – Помир Тур», «Олами сайёҳат», «Шарқ -Амрико», “Марко-Поло” ва ширкати сайёҳии “Согдиана Трейд” фаъолият намуда истодаанд. Дар шаҳр беш аз 32 адад ёдгориҳои таърихӣ, 3 адад ёдгориҳои археологӣ, 25 адад ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи тадбирҳо бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтанд, ки баҳри ба макони фароғатию сайёҳӣ табдил додани шаҳри Хуҷанд аз маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ ё худ канатиро бунёд намояд. Ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Аз ҷониби дигар, барои худи сокинони шаҳри Хуҷанд низ имконияти нави истироҳату фароғат пайдо хоҳад гашт.

Вакилони иҷлосия ҳамчунин дигар масъалаҳоро низ баррасӣ намуданд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ дар ҷараёни кори иҷлосия баромад намуда, фикру андешаҳои хешро доир ба масоили баррасишуда иброз дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вакилон рушди туризмро баррасӣ карданд