Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Кишоварзони Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» дар 150 гектар помидор кишт мекунанд

( 1 Овоз )

14 апрели соли равон раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни боздид аз Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» дар оғози маъракаи помидору гулкарамшинонӣ ширкат варзид.

Ҷоизи зикр аст, ки Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» яке аз ду хоҷагии калони кишоварзии Исфара маҳсуб меёбад, ки бо воридсозии картошкаи тухмии серҳосили навъҳои «Пикас» ва «Королева Анна» аҳли меҳнаташ аллакай дар майдони 20 гектар картошка кишт кардаанд.

Кишоварзони соҳибтаҷрибаи хоҷагӣ дар гармхонаҳо, ки масоҳати умумиашон 3000 м2-ро ташкил медиҳад, кӯчати 12 намуди помидорро омода карда, ният доранд дар майдони 150 гектар парвариши помидорро роҳандозӣ намоянд, ки назар ба соли пешин 15 гектар зиёдтар аст.

Ҳамчунон дар масоҳати 5 гектар кишту парвариши 3 намуди карам – «Слава», «Белорусская 455» ва гулкарам ба нақша гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти Кооперативи мазкур дар самти зотпарварӣ назаррас буда, дорои 360 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 131 сар моли ширдеҳ аст.

Шаҳрдори Исфара дар баробари дастурот ҷиҳати саривақт ва дар муҳлатҳои камтарин ба анҷом расонидани маъракаи кишт роҳбарияти хоҷагиро барои ташкили хӯроки гарм ва фароҳамсохти шароити беҳтари кориву истироҳатии аҳли заҳмат вазифадор намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кишоварзони Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» дар 150 гектар помидор кишт мекунанд