Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Баҳри дастгирии занони ҳунарманду эҷодкор 60 гранти Раиси вилоят ба маблағи умумии 420 000 сомонӣ таъсис дода шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ) ва дар доираи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар соли 2018-ум 60 гранти Раиси вилоят таъсис дода мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилоят аз 10 апрели соли 2018, №113 “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018” ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур 15 грант ҳар яке дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант ҳар яке дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант ҳар яке дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ таъсис дода хоҳад шуд. Грантҳо ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси озмун ҷудо карда мешаванд.

Ба қарори мутазаккираи Раиси вилоят Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018 замима  шудааст.

Занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баҳри дастгирии занони ҳунарманду эҷодкор 60 гранти Раиси вилоят ба маблағи умумии 420 000 сомонӣ таъсис дода шуд