Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

«Атласи Хуҷанд» шӯҳрати қаблиашро барқарор месозад

( 0 Овоз )

Яке аз корхонаҳои азимтарини шаҳри Хуҷанд «Атласи Хуҷанд» иқтидори истеҳсолотии хешро бо василаи фармоишоти дохилӣ зиёд намуда истодааст. Ин корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат, яъне то соли 2005 бо иқтидори пуррааш фаъолият надошт ва аз ҳамон сол инҷониб бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора барқарор карда шуда, дар ин ҷо истеҳсоли атласу адрас роҳандозӣ гардид.

Тибқи иттилоъи роҳбари кулли ҶДММ «Атласи Хуҷанд» Азимҷон Ғафуров айни замон дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» 32 адад дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти фармоишоти дохилӣ корхона метавонад ҳаҷми истеҳсолотии хешро тақвият бахшад.

Имрӯз дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» давоми як сол бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда 60 ҳазор метри тӯлонӣ атлас истеҳсол карда мешавад ва агар басти дуюми корӣ роҳандозӣ гардад ин нишондод ба 120 ҳазор метри тӯлонӣ хоҳад расид.

Матоъҳои атласу адраси «Атласи Хуҷанд» дорои сертификати сифатӣ буда, атлас аз абрешими тоза ва адрас бошад сад фоиз аз нахи пахта истеҳсол шуда, ба саломатии инсон безарар мебошад.

Дар назди ««Атласи Хуҷанд» сехи дӯзандагӣ низ амал менамояд, ки матоъҳои истеҳсолнамудаи ин корхонаро бо тарзу усулҳои муосир тайёр менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Атласи Хуҷанд» шӯҳрати қаблиашро барқарор месозад