Хабарҳо
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 16:22
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Солномаи Пешвои миллат-2018 - 17.01.2019 14:59
Шиносоии Раиси вилоят бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар шаҳри Хуҷанд - 17.01.2019 14:05
Муаррифии китоби тозанашри “Давлат, сиёсат, ҷомеа” дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд - 17.01.2019 10:45
Имсол як қатор нишастҳои маҳфили “Ганҷи сухан” дар деҳоти вилоят доир мешавад - 17.01.2019 10:34
Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ - 17.01.2019 09:56
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон - 17.01.2019 09:35
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41

Баргузории мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол миёни ҷавондухтарон

( 0 Овоз )

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш миёни ҷавондухтарон мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол ташкил намуд.

Ин мусобиқаи вилоятӣ, ки барои дарёфти “Ҷоми Умед” сурат гирифт, дар майдони Муассисаи давлатии Мактаби варзишии №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки беш аз 96 нафар варзишгарон баргузор гардид.

Дар мусобиқа 6 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати 16 нафарӣ иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа, дастаи ҷавондухтарони ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи аввал шуданд.

Ғолибони мусобиқаи мазкур бо медалу Сипоснома ва туҳфаҳои  хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол миёни ҷавондухтарон