Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04

Оғози чорабиниҳои наврӯзӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Рӯзи 12 март бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ ва пухтани сумалак оғоз ёфт.

Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наврӯзии маҳаллаҳои шаҳр ҳамчунин бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардад. Ҳамин тавр, имрӯз соати 16:00 дар МТМУ №15 тантанаҳои Наврӯзи маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.

Тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз санаи 14 то 25 март дар маҳаллаҳои 1-май, Чорчароғ, Сирдарё, Навбаҳор, Шарқ, Бофанда, Тути калон, Сари баландӣ, Ҷаббор Расулов, Темурмалик, Тиллокон, Мевағул, Дӯстии халқҳо, Суғдиён, Раззоқ, Масҷиди савр, Хуҷанд, Ваҳдат, Чашмаи арзана, Сайҳун, Қорираҳмат Қурбонов ва маҷмуан 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои наврӯзӣ гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози чорабиниҳои наврӯзӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд