Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

( 0 Овоз )

9 марти соли 2018 дар маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки беш аз 100 нафар собиқадорони матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори омма ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят Музаффар Юнусов оғоз ёфт ва сипас муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ матбуотчиёни вилоятро аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо иди касбиашон табрик гуфт. Зикр гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯзноманигорони кишвар шароити басо хуби меҳнату эҷод фароҳам оварда шудааст ва журналистон бо истифода аз имкониятҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро инъикос ва тарғиб менамоянд.

Назира Ғаффорӣ таъкид кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маҳсули эҷоди рӯзноманигорон арҷ мегузорад ва барои ҳалли масоили мубрами ҷомеа аз он истифода менамояд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкониятҳои Тоҷикистони азиз, аз ҷумла табиати дилфиреб, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангии Суғди куҳан, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои самтҳои мухталифи хоҷагии халқро инъикос намуда, бо таҳлилу баррасии мушкилоту муаммо ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо саҳми назарраси худро барои пешрафти рўзгори ҷомеа ва ҳаёти мардум мегузоранд.

Сипас, аз ҷониби муовини Раиси вилоят ба 20 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят супорида шуд.

Дар ин рӯз ҳамзамон барандаи Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ муайян гардид. Тавре раиси  созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён дар ҳузури иштирокдорони чорабинӣ иттилоъ дод, Ҷоизаи имсолаи созмони вилоятии ИЖТ насиби хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ гардид.

Дар вазъияити тантанавӣ ба 10 нафар аъзои нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Шаҳодатномаи узвият супорида шуд.

Дар поёни чорабинӣ собиқадорони матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории самаранок бо ВАО ба роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд