Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.09.2018 15:56
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2018 15:59
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03

Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар ҳаҷми 200 000 сомонӣ грант таъсис дода шуд

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани ҳунармандон ва бонувону духтарон, рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли равон дар ҳаҷми 200 000 сомонӣ маблағи грант таъсис додааст.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ноҳия дар такя ба суханронии раиси ноҳия Зариф Назирӣ дар маросими намоишгоҳи ҳунарҳои миллии ниёгон, ки чанде пеш дар ҷамоати Хистеварз баргузор гардид, иттилоъ дод.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дастгирии Шумо ҳунармандон омода аст, ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намояд то ин, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз иқдоми неки Пешвои миллат дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ бархурдор бошад.

Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ду марҳила ҷудо карда шуда, ҳунармандон метавонанд аз он бархурдор бошанд ва лоиҳаҳои худро пешниҳод созанд”, - гуфтааст Зариф Назирӣ.

Тибқи иттилои масъулин ҳоло дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 50 навъи ҳунарҳои мардумӣ рушд мекунад ва беш аз ҳафт ҳазор нафар бо ҳунармандӣ машғул ҳастанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ дар ҳаҷми 200 000 сомонӣ грант таъсис дода шуд