Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо “Ҷумҳурият” озмун эълон кард

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров якҷоя бо нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи “Ҷумҳурият” бахшида ба 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров озмун эълон менамояд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси ноҳия дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эъҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.

Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳарфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.

Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 21-солагии Рӯзи Вҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад. Ба ғолибони озмун мутаносибан 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо “Ҷумҳурият” озмун эълон кард