Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

«Паём – раҳнамои имрӯзу фардо» - конференсияи илмию назариявӣ

( 0 Овоз )

Дар филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар  вилояти Суғд таҳти унвони «Паём – раҳнамои имрӯзу фардо» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш олимону устодони филиали донишкада, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос – омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар  вилояти Суғд дотсент Муҳаммад Исматдинов  ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Малоҳат Юсуфова, мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии  филиали донишкада дар вилояти Суғд, Марҳабохон Ҳошимова, директори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  Мирраҳим Муродов, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии донишкада,  Алиҷон Каримов,  омӯзгори  фанни забони русии Гимназияи № 2-и ноҳияи Бобояон Ғафуров доир ба мазмуну мӯҳтавои созандаи Паём андешаҳои худро баён доштанд.

Дар поёни конференсия ба 500 нафар омӯзгорони  МТМУ – шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ҳуҷҷатҳои хатм супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Паём – раҳнамои имрӯзу фардо» - конференсияи илмию назариявӣ