Хабарҳо
Кабирї аз ислом даст кашид, аммо боз њам касе ба ў бовар накард (Ё чаро љамъомади нањзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?) - 18.07.2018 10:36
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24

Дар Хуҷанд 1 миллион дона гул шинонида мешавад

( 2 Овоз )

Аз ҷониби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба коштани беш аз 70 ҳазор тухми лола оғоз карда шуд ва интизор меравад, ки ин лолаҳо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи Аҷам шаҳрро зеб бубахшанд.

Масъулини гармхонаи муасисаи кабудизоркунӣ ва гулпарварии КВДК Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки ҳоло 200 ҳазор тухмии гулҳои ороишӣ тайёр шуда, ба шукуфтан оғоз кардааст. Тухмии гулҳои ороишӣ давоми 20-25 рӯз омода мегардад, баъдан онро дар зарфҳои хурд парвариш мекунанд. Дар ин гармхона беш аз 10 номгуйи гулҳои ороишӣ аз қабили "Петуния", "Катарантус", "Салвия", "Марҷонгул" парвариш меёбад.

Тибқи иттилои масъулин давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила беш аз 1 миллион дона гулҳои ороишии мавсимӣ  шинонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд 1 миллион дона гул шинонида мешавад