Хабарҳо
Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъбони Артиши Шӯравӣ - 17.01.2019 09:56
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон - 17.01.2019 09:35
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42

Эълони «100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз»

( 1 Овоз )

Бахшида ба Иди Сада дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара чорабинӣ доир гардид.

Бино ба иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ зимни муборакбодии хеш дар ҷашни Сада бо зикри он, ки чун вожаи Сада аслан марбут ба рақами сад аст ва ҷашни Сада муждарасон аз сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани Наврӯз, наздик шудани фасли баҳор ва оғозбахшандаи корҳои амалҳои омодагӣ ба мавсими нави киштукор аст, дар ҳузури ширкатдорони тантана пешниҳод намуд, ки ба ифтихори ҷашни фархундаи Сада «100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз» эълон карда шавад.

Ин пешниҳоди Дилшод Расулзода аз ҷониби беш аз 4000 нафар сокинони шаҳр – ширкатдорони тантанаҳои ҷашни Сада, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ба ҳам омада буданд, мавриди пазиройи умум қарор гирифт.

Чун ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон маҳсуб меёбад, Дилшод Расулзода кишоварзони саховатпешаи Исфарамарз, аз ҷумла ҳайати беш аз 16 ҳазораи саҳмдорони 13618 хоҷагии деҳқонии шаҳрро бо идашон хоссатан табрику таҳният гуфта, барояшон барору омади кор таманно намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи чорабиниҳои марбут ба ҷашни Сада дар пешгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ намоишу фурӯши ниҳоли дарахтори ҳамешасабз ва ҳосилдеҳ, навъҳои гуногуни тухмии зироатҳо ташкил гардида, ба сокинони шаҳр бо нархҳои нисбати бозор арзонтар маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ пешкаш карда шуд.

Намоиши театрикунонидашуда ва барномаи ҷолиби консертӣ ба ҷашн ҳусни тозаву хотирмон бахшиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Эълони «100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз»