Хабарҳо
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32

Баргузории мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд, тенниси рӯи миз ва шоҳмот байни хонандагони синфҳои 8 – 11

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилоят дар вақти таътили зимистонаи хонандагон мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд, тенниси рӯи миз ва шоҳмот байни хонандагони синфҳои 8 - 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят баргузор шуд.

Бояд зикр кард, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш ташкил гардид.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа, ки рӯзи 30 январ баргузор шуд номи ғолибони мусобиқа эълон гардид. Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иттилоъ доданд, аз рӯи намуди шоҳмот ҷои якум насиби дастаи Панҷакент, ҷои дуюм насиби дастаи Исфара ва ҷои сеюм насиби дастаи Мастчоҳ гардид. Аз рӯи намуди тенниси рӯи миз ҷои якум насиби дастаи Хуҷанд, ҷои дуюм насиби дастаи Спитамен ва ҷои сеюм насиби дастаи Конибодом, аз рӯи намуди футболи хурд ҷои якум насиби дастаи Истиқлол ва ҷои дуюм насиби дастаи Хуҷанд гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раёсати маориф ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба ғолибону ҷоизадорон медал, диплом ва ҷом тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд, тенниси рӯи миз ва шоҳмот байни хонандагони синфҳои 8 – 11