Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Сокинони шаҳри Гулистон ҷашни Садаро таҷлил намуданд

( 0 Овоз )

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Меҳри модар» - и шаҳри Гулистон чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни миллии Сада баргузор гардид.

Чорабинӣ бо афрўхтани оташу дар гирди он хурсандӣ намудани сокинон, ҳунарнамоии дорбозон ва намоиши бозиҳои миллӣ ибтидо гирифт.

Намояндагони ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Навгарзан, муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии шаҳр бо оростани дастархони идона ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар тантанаҳои идона иштирок намуда, навъҳои гуногуни таомҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Дар чорабинии идона ҳамчунин адрасбофон, алочабофон, кешбофону оҳангарон маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд.

Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода сокинон ва меҳмонони шаҳрро ба Иди Сада табрик гуфт ва сипас санъаткорони бахши фарҳанг барномаи консертиро таҳти унвони «Сада – санои хуршед» манзури ҳозирин намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сокинони шаҳри Гулистон ҷашни Садаро таҷлил намуданд