Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» - 18.08.2018 07:04
Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ" - 17.08.2018 17:33
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 17.08.2018 12:49
Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар барои адои маносики Ҳаҷ рафтанд - 17.08.2018 11:44
Ба муносибати Иди Қурбон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд - 17.08.2018 11:43

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз

( 1 Овоз )

Истиқлолияти давлатӣ, хоса иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи падидаҳои фарҳанги куҳан ва оину суннатҳои аҷдодӣ барои мардуми тоҷик  имконоти мусоид фароҳам овард, то дар амри руҷӯъ ба таърихи гузашта ва зинда гардонидану бузургдошти мероси моддиву маънавии хеш  талош ва пайкорҳое ба зуҳур расонанд. Маҳсули ҳамин ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои миллат аст, ки дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон шурӯъ аз соли 2017 ҷашни Сада низ ба тақвими ҷашну санаҳои миллии мо шомил гардида, барои таҷлили бошукӯҳи он тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар назари аввал шинохти моҳият ва асолати ин ҷашни деринаи аҷдодӣ ва маърифати саҳеҳу равшани он, ки таърихи чандинҳазорсоларо соҳиб аст, рисолати муҳими ҳар яке аз мо меросбарони ин суннати куҳани фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.

Роҷеъ ба замони пайдоиш ва мароҳили таҳаввули ин ҷашни куҳан дар сарчашмаҳо ва осори таърихӣ матолиби фаровоне омадааст, ки маҷмӯи он агар аз диди аввал ба куҳан будани таърихи зуҳури ҷашни Сада таъкид варзанд, аз сӯи дигар маҳбубияти  ин оини деринаи ниёи шарафманди моро дар даврони мухталифи таърихӣ ба субут мерасонанд. Маҷмӯи мабоҳиси марбут ба сарчашмашиносии ҷашни Сада, замони оғоз ва авомили маъруфияти он дар миёни мардумро метавон дар чанд даста мавриди баррасӣ қарор дод, зеро худ роҷеъ ба асли зуҳури он чандгонагии дидгоҳу назарҳо ҷой дорад, ки ҳақиқати ин амр дар оинаи асотир ва ривоёти мухталиф муҷассам мебошад.

Баҳси аввалияе, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ зоҳир гардад, тафсир ва шарҳи маънии луғавӣ ва пайванди он ба асли маъноии воҷа ё ба таъбири дигар истилоҳи Сада дар фарҳанги куҳани миллии мо ба шумор меравад. Агар нахустин сарчашмаи хаттии ниёкони мо ҳамоно китоби Авасто ба шумор меравад, пас ба орои аҳли таҳқиқ ин воҷа дар ин манбаи аввалин омадааст, ҳарчанд ба иттифоқи паҷӯҳишҳои анҷомёфта сароғози зуҳури ҷашни Сада ба ҳазорсолаҳо пештар аз вуҷуди таърихии ин китоби марбут ба оини зардуштӣ мерасад. Ҳамин тавр, воҷаи Сада дар Авасто ва забони санскрит ба гунаи “сата” (Cata) мавриди истифода қарор доштааст, ки ҳамоно маънии рӯшанӣ, тулӯъ намудан, инчунин оташи шуълакунанда ё баландшӯъларо доштааст. Ҳарчанд бархе аз паҷӯҳишгарон ин маъниро нисбати воҷаи “сада” рамзӣ ва маҷозӣ донистаанд, аммо таъсири гунаи мазкури маъноии он дар намунаҳое аз ашъори шоирони форсу тоҷик ба мушоҳида мерасад. Чунончи, дар “Фарҳанги ҷаҳонгирӣ” ду байте аз шоир Азрақии Ҳиравӣ зикр шудааст, ки баёнгари ҳамин маънии воҷаи “Сада” мебошад:

Аз ҷавру ситези ту ба ҳар беҳудае,

Дар ҳар нафас аз сина барорам садае.

Эй ишқи ту дар дили ман оташзадае,

Мардӣ набувад ситез бо дилшудае.

Ҳамин тавр, унвони ҷашни Сада дар забонҳои форсии миёна ва паҳлавӣ ба гунаи садак ё садаг даромада, баробари нуфузи забони арабӣ ва фарҳанги исломӣ шакли садақ касб намудааст.

Ривояти дигаре, ки ба асли пайдоиши ҷашни Сада пайванд мегирад ва то ҷое тавзеҳи тулӯъ, равшанӣ, оташи барҷаҳанда доштани маънои онро барҷастатар мегардонад, аз матлаби кашфи оташ ҳамчун унсури офариниш ҳикоят мекунад. Сарчашмаи аслии зуҳури он дар ҳамосаи бузурги миллии мо “Шоҳнома” қарор дорад, ки достони ихтирои оташро тавассути Ҳушанг нақл мекунад. Мӯҳтавои ин тадбири шоҳи пешдодӣ  дар мавриди чигунагии кашфи оташ аз сӯи Ҳаким Фирдавсӣ чунин тасреҳ шудааст, ки рӯзе шоҳ Ҳушанг бо ҷамоате, ки дар бархе аз ривоёт онро  сад нафар ҳам гуфтаанд, бар даште сафар намуд, чун пешорӯяш чизе дарозу сияҳранг, тиратану тезтоз пайдо гардид ва бо чашмони пурхун мехост ба шоҳ ҳамлавар гардад. Ҳушанг сангеро гирифт ва хост бар сари ӯ бизанад. Иттифоқан санги партобкардаи вай бар санге дигар бархурд ва фурӯғе аз он падид омад. Мунтаҳо оташ ба вуҷуд омад ва он таърихро Ҳушанг Сад унвон ниҳод ва минбаъд ҳамагон ҷашн гирифтанд:

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,

Гузар кард бо чанд каси ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизи дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар ду чашмаи хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд тезчанг...

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард,

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.

Аз ин тафсири Ҳаким Фирдавсӣ дар навбати аввал метавон бар ин андеша расид, ки ҳамоно  шарҳи воҷаи Сада ба маънии тулӯъ, шӯълаи оташ  ва ба иттифоқи шарҳи дар китоби «Бурҳони қотеъ» омада, «ба маънии шаби оташи баланд бошад чу сада ба маънии оташи баланд аст” бо асли пайдоиши он қаробате дорад ва ҳамин тавр оини Сада дар навбати аввал ба кашфи оташ ҳамчун унсури офариниш ва яке аз авомили муҳими зиндагонии башарият, ки гармиву рӯшаниву нур ба он рабт дорад,  пайванд мегирад ва он ҳаргирз иртиботе ба парастиши оташ дар дини зардуштӣ надорад. Бар асоси таҳқиқи ривоёт ва ҳам шинохти таърихи подшоҳии пешдодиён агар Ҳушанг мухтареи оташ эътироф гардидааст, андешаҳои аҳли таҳқиқ дар мавриди он ки пайдоиши Сада ва оину суннатҳои он дар сурати кашфи оташ бештар ағ 3000 қабл аз зуҳури оини зардуштӣ иттифоқ афтода будааст, саҳеҳ ба назар мерасад.

Ҷанбаи дигари ҳузури Сада дар фарҳанги миллии мо ба милод ва камолоти хуршед марбут аст, ки онро ҷашни офтоб ё чиллаи хуршед ҳам меноманд. Мутобиқи ривоёти куҳан  ниёкони мо шаби Ялдоро ҳамчун шаби милоди Хуршед ва ё ба таъбири дигар «шаби зоиши дубораи хуршед»,  донистаанд, ки мутобиқ бар поёни моҳи Озар ва аввали Даймоҳ ва бар асоси тақвими ҷадид, шаби бистуякум ба бистудуи декабр  будааст. Шаби милоди фариштаи Митро ё Меҳр, ки ҳамон офтоб ба шумор меравад, низ дар нисбати ин шаб гуфа шудааст. Ҳамин гуна, мутобиқи асотири куҳан чун ин шом аз ҳама ториктарин  маҳсуб ёфта ва он пас ҳаракат ба сӯи рӯшанӣ ва гармӣ афзун мегарадад, бад-ин сабаб ниёкони мо он замонро шаби «зоиши дубораи хуршед» унвон намудаанд, ки то Обонрӯз, фурсати фаро расидани ҷашни Сада  аз он чиҳил рӯз сипарӣ мешавад.  Аз ин рӯ, ҷашни садаро дар фарҳанги мардумӣ ҳамчун фурсати баромадани чиллаи Офтоб ҳам мегӯяд, ки оташи афрӯхта дар ин ҷашн рамзи ҳамон нури хуршед будааст. Фурӯзонии оташро гузаштагони мо ҳамчун намоди офтоб ва рӯшаниву нур дар айёми зимистони қаҳратун ва шабҳои ҳанӯз торик пиндошта, бар асоси он ба истиқболи омадани рӯзҳои гарму афзудани рӯшаноиву фурсатҳои саршори нур дар атрофи оташ шодиҳо ва оинҳои шодиофар иҷро мекарданд. Баъдтар барои афрӯхтани оташ пиндору боварҳои дигаре ҳам афзуда шуд, ки яке аз онҳо мутобиқи ривоёт чун дар қадим танҳо ду фасл сармову гармо ё ба истилоҳи қудамо «зимистони панҷмоҳа» ва «тобистони ҳафтмоҳа» мавҷуд будааст, бо гузашти сад рӯз аз фасли зимистон ё сармо мардум ба умеди расидани гармо ва рӯшанӣ оташ меафрӯхтаанд. Яке аз овомили робитаи номи ҷашни мазкур ба шумораи сад ба ҳамин тадбири куҳан пайванд доштааст. Ба иттифоқи фарҳангнависон ва муаррихон ин оин дар аҳди Сосониён ҳам бо ҳамин шева ҷараён доштааст ва шояд бунёди ҷашни Садаро ба Ардашери Бобакон нисбат додани Абурайҳони Берунӣ иртиботе ба ин таъкиди тантанаи ин ҷашн дар замони ин хонадон бошад, вагарна таърихи зуҳури ҷашни Сада ба ҳазорсолаҳое пеш аз ин гиреҳ мехӯрад. Фузун бар ин, Берунӣ худ низ дар “Осор ул боқия” аз пайванди Сада ба ҳамон андешаи сад рӯзи аввали фасли сармо ё “зимистони панҷмоҳа ёдовар шудааст.

Омили дигари пайванди ҷашни Сада ба шумораи сад, ки аксари донишварону муаррихон ва муҳаққиқон онро қайд намудаанд, пайванд ба он дошта, ки аз замони таҷлили Сада то поёни сол, яъне омадани Наврӯз панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рӯз боқӣ мемонад, ки ҳар ду маҷмӯан баробар ба сад бошанд. Ба ин хотир, ин таърихро гузаштагони мо  гиромӣ дошта, ҳамчун ҷашне ба истиқболи Наврӯз таҷлил менамудаанд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «ат-Тафҳим» оварда, ки сада баргирифта аз сад аст…ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳаргоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол сад ба даст меояд. Ҳамзамон, Берунӣ ду ривояти дигаре марбут ба пайванди ҷашни Сада ва шумораи сад меоварад, ки яке ба таъкиди ӯ чун фарзандони Каюмарс (падари нахустин) дуруст сад тан шуданд ва яе аз худро подшоҳ гардониданд, он рӯзро гиромӣ доштанд ва ид карданд. Берунӣ ривояти дувумеро ҳам меоварад, ки он низ асос ва пайванд дар ҳамин ривояти аввал дорад: «Бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд».  Баъдтар  дар бархе аз сарчашмаҳои даврони исломӣ ин ривоёт гунаи дигаре аз худро гирифт, ки он ҷо таъкид мешавад, ки чун фарзандони Ҳазрати Одам (а) ба сад расиданд, ин ҷашн эҷод гардид, ки албатта ин шакли дигаре аз ҳамон ривояти болост, дар робита ба Каюмарс. Шод ба ҳамин иллат аст, ки Манучеҳрӣ фармуда:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад,

Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад.

Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад.

Бо он ки Манучеҳрӣ зуҳури ин ҷашнро ба ҳамин ривояти боло пайванд медиҳад, ки нисбате ба Каюмарс дорад, аммо ҳамоно ривояти марбут ба Ҳушангро дар иртибот ба кашфи оташ низ сарфи назар накардааст, чун дар мисраи савум асли онро зи нур, ки ҳамон кашфи оташ маҳсуб мебошад, дониста, фаръашро ба мо нисбат медиҳад, ки ҳамоно шарҳи нукоти марбут ба мор дар устураи  ихтирои оташ ба шумор меравад.

Умари Хайём  дар китоби «Наврӯзнома»-и хеш  аз иртиботи Сада ба Афридун нисбат дода, онро ҳамчун оини раҳоии мардум аз ҷабри Заҳҳок медонад, ки мардум фоли нек хонданд ва ин карданд: «Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд». Ишорати Унсурӣ ба интисоби ҷашни Сада ба номи Фаридун дар як байте аз худ робитае ба ҳамин ривоят дорад, ки фармуда:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Ҳаройина, иртиботи ҷашни Сада ба Наврӯзи Аҷам, ки дар фосилаи панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз қабл аз он сурат мегирифтааст, ҷанбаи пайванди ин ҷашнро ба табиат ва ҳаракоти Офтобу башорати расидани фасли баҳору гармо тақвият мебахшад. Ин аст, ки  Фаррухии Сиистонӣ омадани Садаро фоли ҳузури  муҷдаи Наврӯз унвон мекунад ва таъкид медорад, ки ин ҷашн барои он омада, ки омадани Наврӯзро паём расонад:

Сада омад, ки туро муҷда диҳад аз Наврӯз,

Муҷда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тароз.

Манучеҳрӣ бошад, ҷашни Садаро талояи Наврӯзи навбаҳор унвон мекунад. Воҷаи талоя дар луғат ба маънии аввалин нишонае, ки аз ҳар чизе намоён ва ҷилвагар мешавад, тавзеҳ ёфтааст.  Аз ин ҷост, ки Манучеҳрӣ Садаро нишоне аз ҳузури Наврӯз унвон мекунад, ки мардумро аз омадани ин ҷашни  хуҷаста паём мерасонад:

Инак, биомадаст ба панҷоҳрӯзпеш,

ҶашниСада–талояиНаврӯзинавбаҳор

Аз ин рӯ, ҷанбаи дигари афрӯхтани оташ, ки арзиш ва аҳамияти ахлоқӣ ҳам касб кардааст, марбут ба ҳамин паёмрасонии  Сада аз омадани Наврӯз мебошад, зеро мутобиқ ба ақидаи ниёкони мо оташи афрӯхта, маҷмӯи касифиву палидиҳоеро, ки фасли зимистон ва сармо эҷод мекунад, месӯзанд. Баробари ин, тавассути афрӯхтани оташ ба замин нафаси гармӣ ато намуда, онро аз карахтиву хомушӣ наҷот медодаанд, то ба сӯи баҳор дар ҳаракат ояд.

Маҷмӯи ин оинҳову русуми марбут ба  Сада ҳанӯз аз дергоҳи таърих  таваҷҷӯҳи аҳли адабро барои ситоишу вафси ин ҷашни накӯӣ ба сӯи худ кашид. Дар шумори осори зиёди бозмода дар забони паҳлавӣ таълифоте бо номи “Ойиннома”-ҳо маъруф мебошанд, ки бахше аз онҳо ба шарҳу тавзеҳи оинҳои таркиби ҷашнҳои куҳани мо аз ҷумла Сада ихтисос ёфтаанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила суннатҳои деринаи ниёкони мо, аз ҷумла ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳрон, Сада эҳё гардида, ҳамакнун ба тақвими миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид гардидаанд. Хоса, ҷашни Сада,  ки ҳамакнун пас аз ворид гардидани он ба тақвим шукӯҳу шаҳомати хосае миёни мардум касб намуда, рисолати бузурги таърихии хешро барқарор менамояд. Ба таъкиди Пешвои миллат «Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бошукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.

Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандин ҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.

Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бар меояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дарбаргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд».

Боварии комил дорем, ки эҳёи ин ҷашни миллии ниёкон ҳамчун рамзи некӣ, рӯшаноӣ, сарҷамъиву ваҳдати мардум, ҷашни нуру сурур  барои афзудан гармии меҳру ихлоси халқи шарафманди Тоҷикистони азиз, равнақи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хуррамиву шукуфоии  сарзамини аҷдодии мо нақши муассир  гузошта, ҳамасола бо ҳузури хеш дар тақвими мо чун паёмовари Наврӯзи навбаҳор ба зиндагонии мардум наврӯзу баҳору гармиву рӯшанӣ ва суруди хуррамиҳоро муҷда хоҳад овард.

Нуралӣ Нурзод,
дотсенти кафедраи адабиёти
классикии тоҷики ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз