Хабарҳо
Занону духтарон роҳбариро меомӯзанд - 16.08.2018 09:04
АЁМИДДИН САТТОРОВ дар бораи хиёнаткориҳои ҲНИ (Видео) - 15.08.2018 17:35
Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб /АКСҲО/ - 15.08.2018 15:18
Раҷаббой Аҳмадзода: То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ карда мешавад - 15.08.2018 13:45
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48

Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бахшида ба ҷашни Сада

( 1 Овоз )

Фарорасии ҷашни бостонию мардумии Садаро ба кулли сокинони вилоят табрику муборакбод гуфта, барояшон дастархони пур аз нозу неъмат, хайру баракат, хотирҷамъӣ ва дастоварду музаффариятҳои беназир таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Сада дар қатори ҷашнҳои таърихӣ ва фархундаи миллии тоҷикон – Наврӯз ва Меҳргон аз нав эҳё гардид.

Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ дар робита ба арзишу аҳамият ва нақши ин идҳои бостонӣ таъкид намуданд: “Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию модии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”.

Бояд гуфт, ки дар осори илмию фарҳангии абармардони тоҷику форс Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯбакр Муҳаммади Наршахӣ ва дигарон оид ба ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. Тибқи ин маълумот моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, бо афрӯхтани гулханҳои бузург мардум онро гиромӣ медоштанд.

Иди Сада дар замони гузашта дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман таҷлил мегардид ва аз он то фарорасии Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро ташкил медод. Дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ низ маншаи Иди Сада бо пайдоиши оташ робита дошта, дар назди мардум муқаддас ҳисобида шудааст.

Новобаста ба он ки гузаштагони мо дар ин рӯз ҷашне меоростанд ва Садаро бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мекарданд, он ба тадриҷ аз байн рафт ва дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора эҳё гардид.

Аз ин рӯ, мардуми тоҷик Иди Садаро чун рамзи оғози бедории табиат, омодагӣ ба мавсими кишту кор ва амалу нақшаҳои фаъолияти минбаъда, марҳилаи ҷадиди орзуҳои нек пешвоз мегиранд.

Боварии комил дорам, ки соли равон Иди Сада файзу баракот ва фаровониро ба рӯзгори сокинони кишвар армуғон оварда, ҳамагонро ба иҷрои амалҳои нек, ташаббусҳои тоза ва ободонию созандагӣ ҳидоят хоҳад намуд.

Иди Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бахшида ба ҷашни Сада