Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04

Соли гузашта дар Хуҷанд 20 корхонаи истеҳсолии хурду миёна ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Соли 2017 аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 942,6 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки он нисбат ба соли пешина 22,6 дарсад афзоиш ёфта, 34,2 фоизи он (322,1 млн. сомонӣ) ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст. Дар ин бора раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 29 январ доир шуд, иттилоъ дод.

Тибқи иттилои шаҳрдори Хуҷанд соли гузашта 20 адад корхонаи истеҳсолии хурду миёна (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) таъсис дода шуда, аз ин ҳисоб 171 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Бо мақсади ташкили минтақаи саноатӣ дар соҳили рости шаҳр барои соҳибкороне, ки бо истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот фаъолият мебаранд 45 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум зиёда аз 2920 адад ҷойҳои нави корӣ (бо назардошти фаъолияти соҳибкорӣ) таъсис ёфта, 346 нафар бекорон касб омӯхта истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли гузашта дар Хуҷанд 20 корхонаи истеҳсолии хурду миёна ба истифода дода шуд