Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - 16.02.2018 15:18
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдо барои донишҷуён курсҳои забономӯзии ройгон ташкил шудааст - 16.02.2018 14:43
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавбарқароркунии хобгоҳи сарбозон - 16.02.2018 14:39
ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ ШӮРОИ УЛАМО РОҶЕЪ БА ТАЪСИСИ «АНҶУМАНИ ОЗОДАНДЕШОНИ ТОҶИК» ДАР ХОРИҶИ КИШВАР - 16.02.2018 08:31
Ташкили ҳамоиши “Заҳмати дастони модар” ва аёдати сарбозон дар Зафаробод - 15.02.2018 16:35
Ба таваҷҷуҳи хабарнигорон! - 15.02.2018 16:34
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси фаъолон баргузор шуд - 15.02.2018 16:32
Маросими гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал - 15.02.2018 11:15
Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ - 14.02.2018 14:15
Истеҳсол ва бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 14.02.2018 12:10

Шаҳрдори Исфара: Соли гузашта 5 корхонаю коргоҳҳои навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Соли 2017 дар шаҳри Исфара ба маблағи 296,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасониҳои пулакӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки ин нишондод нисбати арқоми ҳаминдавраи соли 2016 18,3 миллион сомонӣ бештар буда, суръати афзоиш 106,6 фоизро ташкил додааст. Дар ин муддат 5 корхонаю коргоҳҳои навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.  Дар ин бора раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тибқи иттилои шаҳрдори Исфара соли сипаришуда бунёди беш аз 30 иншооти хусусияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонидошта ба субут расонида аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 33 миллиону 954 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.

Бино бар суханони шаҳрдор соли гузашта маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 2,6 маротиба ва ҳаҷми корҳои сохтмону васлкунӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтанд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 376 миллион сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбати нишондоди соли 2016-ум 3,3 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.

Дар ин давра, бо маблағгузории ташкилотҳои байналхалқӣ, саҳмгузории молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ 43 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 21,2 млн сомонӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Ба ин васила, аз ҷумла мушкилоти сокинони деҳаҳои алоҳидаи ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чилгазӣ, Кӯлканд, Навгилем ва Шаҳрак ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ роҳи ҳалли худро ёфтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шаҳрдори Исфара: Соли гузашта 5 корхонаю коргоҳҳои навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуд