Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов низ нархи гӯшт нисбатан арзон шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади иҷрои супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба арзон намудани нархи гӯшт дар бозорҳои вилоят аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳо андешида шуд.

Аз ҷумла, дар бозорҳо ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом фурӯши гӯшти гов бо нархи 33 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд бо нархи 36 сомонӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи иттилои Парвина Абдуллоева, масъули дафтари матбуотии шаҳрдории Конибодом, кормандони шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази ташхиси давлатӣ оид ба масъалаи мазкур чораҷӯӣ намуда, бо соҳибони дӯконҳои гӯштфурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва ҳамин тавр арзиши гӯшт нисбатан пойин рафт.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ комиссияи ҳамоҳангсозии байниидоравии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисод ва савдо бо роҳбарии раиси ноҳия Комил Салимзода бо соҳибкорон вохуриву мулоқот доир намуд. Тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади дастгирии истеъмолкунандагон нархи 1 кг гушти гов 34 сомонӣ ва гушти гусфанд 36 сомонӣ муайян карда шавад. Қабл аз ин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1 кг гушти гов 38 сомонӣ ва гушти гусфанд 40-42 сомонӣ арзиш дошт.

Нисбатан арзон гардидани нархи гӯшт дар бозорҳои вилоят пас аз он амалӣ шуд, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди худ аз калонтарин бозори вилоят – “Панҷшанбе” аз гаронии арзиши гӯшт изҳори нигаронӣ намуд. Бо мақсади дастгирии истеъмолкунандагон ва ҷиҳати иҷрои супориши роҳбари вилоят арзиши гӯшт дар ин бозор нисбатан пойин рафт ва ҳоло арзиши 1 кг гӯшт 33 сомонӣ мебошад. Қабл аз ин як килограмм гӯшти гов дар бозори “Панҷшанбе” бо нархи 35 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов низ нархи гӯшт нисбатан арзон шуд