Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарин» тарроҳони беҳтаринро муаррифӣ намуд

( 1 Овоз )

Бо мақсади инкишофи қобилияти навоварӣ ва эъҷодии хонандагон, баланд бардоштани дарки зебоиву эстетики аъзоёни маҳфилҳо, зиёд намудани завқи хонандагон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ бахшида ба  «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд аввалин бор озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарин» баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аъзоёни маҳфилҳои ҳунаромӯзии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд. Озмун дар ду давр-минтақавӣ ва вилоятӣ доир гардида, дар даври минтақавӣ наздик 500 нафар хонандагон ва дар даври вилоятӣ 22 нафар ғолибони даври минтақавӣ аз 16 шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд. Ҳадафи аслии озмун дар давраи таътили зимистона фарогирии хонандагон ба маҳфилҳои ҳунарҳои миллӣ буда, тарғибу ташвиқи касбу ҳунаромӯзӣ аз аҳдофи дигар ин озмун буд. Ба гуфти директори маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов озмун дар се бахш- либоси идона, либоси рузмарра ва либоси бачагона доир гардид.

Дар натиҷа, ғолиби бахши «Либоси идона» хонандаи синфи 10-и гимназияи рақами 4 шаҳри Хуҷанд Ф. Раҳимова, ғолибибахши «Либоси рӯзмара» хонандаи синфи 11-и МТМУ № 29 ноҳияи Айнӣ М. Саидов вағолиби бахши «Либоси кӯдакона» хонандаи синфи 9-и МТМУ №6-и ноҳияи Спитамен М. Сангинова гардиданд.

Дар охири озмун ҳамаи ғолибон ба диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарин» тарроҳони беҳтаринро муаррифӣ намуд