Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоят

( 0 Овоз )

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 20 ва 21 январ дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд - назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-уми шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор аз 30 то 50 фоиз арзон пешниҳоди сокинон намуданд. Масалан, як килограмм шалғам 30 дирам, карам 70 дирам, сабзӣ 70 дирам, гӯшт 30 сомонӣ, пиёз аз 1 сомониву 20 дирам, себ аз 2 сомонӣ, асал аз 20 сомонӣ, картошка 2 сомониву 50 дирам, равған 9 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, орд 2 сомониву 70 дирамӣ пешниҳоди сокинон гардонида шуд.

Сокинон барои ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори сипос намуда, онро ба манфиати умум арзёбӣ намуданд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол низ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар маркази вилоят