Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристону Мастчоҳ бунёди қасрҳои фарҳангӣ идома дорад

( 0 Овоз )

Рӯзи 19 январи соли 2018 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилояти Суғд таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ҷаласаи ҷамъбастии кормандони соҳаи фарҳанги вилоят баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ, директорони китобхонаҳои марказӣ ва осорхонаҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев доир ба фаъолияти кормандони соҳа дар соли 2017 гузориш дод. Тавре зимни маърӯзаи О. Набиев иттлоъ дода шуд, дар вилоят 7 театри касбӣ ва 5 театри халқӣ фаъолият намуда, дар рушди санъати театрӣ, таҳия ва пешкаши тамошобинон гардонидани намоишномаҳои баландмазмун, болоравии фарҳанг ва маънавиёти мардум, тарғиби ғояҳои баланди инсондӯстиву ватанпарастӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Ба иттилои сардори Раёсати фарҳанги вилоят соли 2017 шумораи китобхонаҳо ба 355 адад расонида шуда, дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ 1 китобхона-филилаи №17 ба фаъолият шурӯъ намуд.  Дар назди Қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо 14 воҳиди корӣ ансамбли фолклорию этнографӣ, дар назди бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ансамбли созию овозӣ ва рақсии “Бунафша” ва филиали мактаби санъат дар ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва Ҳайдар Усмонов бо 58 воҳиди корӣ, дар назди бахши фарҳанги ноҳияи Зафаробод ансамбли рақсӣ ва ансамбли фолклорию этнографии “Навои суғдӣ”, дар назди бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан байни наврасону калонсолон  ансамбли рақсӣ бо номи “Азиза”, дар назди бахши фарҳанги шаҳри Панҷакент 3 ансамбли рақсӣ бо номи “Гулчин” байни кӯдакону наврасон ва калонсолон таъсис дода шудааст, ки ин аз таваҷҷӯҳ ва дастгирии роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нисбати рушди соҳа маҳсуб меёбад.

-Хурсандиовар он аст, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳру ноҳияҳо якчанд қасрҳои фарҳангӣ таъмиру таҷдид гардида, мавриди истифода қарор гирифта истодааст. Барои ҷалби ҷавонон ва мутахассисон ба соҳаи фарҳанг бо маблагғузории мақомоти вилоятӣ давоми соли 2017 барои  бунёди қасрҳои фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ноҳияҳои Шаҳристон ва Мастчоҳ санги асос гузошта шуда, дар ин самт корбарӣ хуб ба роҳ монда шудааст, - афзуд Ориф Набиев.

Зимни таҳлили фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанг муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ аз камбудиҳои мавҷуда низ ёдовар шуда, барои ислоҳи камбудиҳо ба масъулини соҳаи фарҳанги вилоят дастуру супоришҳои мушахас дод. Қайд карда шуд, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз норасоии кадрҳои баландихтисос изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки барои тарбияи кадрҳои соҳибтахассус таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди соҳаи фарҳанг кӯшиш намоянд.

Зимни ҷаласа ҳамчунин ба муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва аҳли фарҳанги вилоят барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди Наврӯз ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” супоришҳо дода шуд.

Дар охири ҷаласа ба чанде аз фаъолони соҳаи фарҳанг Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристону Мастчоҳ бунёди қасрҳои фарҳангӣ идома дорад