Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст

( 2 Овоз )

Дирӯз дар шаҳри Истаравшан бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти унвони «Ҳунари асил» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Маҳфили мазкур ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бахшида шуда, дар он ҳунармандони шаҳр ва ҷамоату  деҳот, муассисаҳои таълимӣ, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Литсейи касбӣ-техникӣ, устоҳои  кордсоз, аъҷубасоз ва шонасоз маҳсули меҳнати худро ба тамошо гузоштанд.

Мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан  Фароғат Юсупова иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  оид ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфта, барои боло бурдани зиндагии мардум дастуру супоришҳо доданд ва соли 2018 – ро "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намуданд.

Ба гуфтаи масъулин, ҳоло дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ равнақ дошта,  ҳар яки онҳо таърихи тӯлонӣ доранд. Мақсад аз баргузории  маҳфил ва намоиши дастовардҳои мардумӣ рушд додани ҳунарҳои халқӣ ва  дарёфти ҳунармандони болаёқат мебошад.

Баргузории чунин намоишу маҳфилҳо дар дигар ҷамоат ва  кумитаҳои маҳаллии шаҳри Истаравшан  дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст