Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» - 18.08.2018 07:04
Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ" - 17.08.2018 17:33
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 17.08.2018 12:49
Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар барои адои маносики Ҳаҷ рафтанд - 17.08.2018 11:44
Ба муносибати Иди Қурбон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд - 17.08.2018 11:43

Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд

( 0 Овоз )

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Техникони наврас» баргузор гардид. Дар он аз ҷониби муҳассилини макотиби шаҳр беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷод ба ҳайати доварон манзур карда шуд.

Озмун аз рӯи 7 бахш-радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, мошинаи ояндаи коинот, киштии ояндаи обӣ, автомоделӣ, ҳимояи шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ сурат гирифта, дар он хонандагони тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар номгӯи ихтирооти хонандагон анвои гуногун бо диду нигоҳи хосса тариқи назариявӣ ва амалӣ пешниҳод ва ҳимоя карда шуд.

Ҳамин тавр, ҳайати доварон дар бахши радиоконструкторӣ хонандаи МТМУ№19 Меъроҷ Маҳмудов, дар бахши авиамоделӣ муҳассили Гимназияи №4 Баҳодур Абдуллоев, дар бахши мошинаи ояндаи коинот хонандаи мактаби хусусии «Паймони азизон» Эҳсон Неъматҷонов, дар бахши киштии ояндаи обӣ хонандаи МТМУ№19 Маҳмудҷон Болтуев, дар бахши автомоделӣ хонандаи МТМУ№21 Эмомалӣ Аллабердиев, ҳимояи шаҳри оянда муҳассили МТМУ №5 Азимҷон Бобоҷон ва дар бахши ихтироъкорӣ хонандаи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Муҳаммадамин Калоновро ғолиб эълон намуданд.

Ҳамзамон дар бахшҳои номбурда ҷойҳои 2 ва 3-юм муайян шуданд. Гурӯҳе а з хонандагони фаъол бо Cипоснома қадршиносӣ шуданд.

Ғолибони мақоми аввал ба озмуни вилоятии «Техникони наврас» роҳхат гирифтанд.

Интизор меравад, ки даври вилоятии озмун моҳи майи соли равон сурат гирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд