Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 - 17.10.2018 16:27
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04

Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд

( 0 Овоз )

Нишасти 158-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дирӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки бештар аз 200 нафар олимону адибон, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Маҳфилро масъули он он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки нишасти имрӯза ҷамъбасти фаъолияти маҳфил дар соли 2017 мебошад. Сипас муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуфаттоҳ Раҳимов аз мақому мавқеи маҳфил дар ҷомеаи имрӯза ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки имрӯз дар донишгоҳ якчанд маҳфилҳои илмӣ дар соҳаҳои мухталиф ба фаъолият оғоз кардаанд ва анъанаҳои неки маҳфилороиро идома мебахшанд.

Сипас директори маркази тадқиқотии минтақавии ҷаҳон, дотсенти кафедраи муномсибатҳои хориҷӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Азизҷон Раҳмонов оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масоили амнияти миллӣ маърӯза намуд. Ӯ бо мисолҳои мушаххас дар мавриди ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар мавриди таъмини амнияти миллӣ изҳори назар намуда, аз зиёиён дархост намуд, ки дар тарғиби сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат қадамҳои устувор гузоранд.

Номзади илмҳои филология, дотсент Насимҷон Ҳамробоев оид ба мавзӯи “Робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар қарнҳои VIII-IX” дар заминаи тададқиқоти доктори илмҳои филология, профессор Низомиддин Зоҳидӣ маърӯзаи пурмӯҳтавои илмӣ ироа кард. Зимни муаррифии китобҳои Низомиддин Зоҳидӣ оиди тадқиқоти ин адабиётшинос дар мавриди робитаҳои адабии арабу аҷам изҳори назар кард.

Шоираи хушбаён Адиба дар суханронии худ аз мақоми зан дар ҷомеа ҳарф зад ва тозатарин ашъорашро барои ҳозирин эҳдо намуд. Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов дар гузоришаш фаъолияти “Ганҷи сухан”-ро дар соли 2017 ҷамъбаст кард ва аз нақшаҳои соли 2018 ҳозиринро огоҳ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд