Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» - 18.08.2018 07:04
Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ" - 17.08.2018 17:33
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 17.08.2018 12:49
Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар барои адои маносики Ҳаҷ рафтанд - 17.08.2018 11:44
Ба муносибати Иди Қурбон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд - 17.08.2018 11:43

Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд

( 1 Овоз )

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» баргузор гардид.

Зимни ҷамъбасти озмуни мазкур сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорат Абдуҷаббор Алиев аз номи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати мушовара иштирокчиёнро табрик намуда, изҳор дошт, ки аз панҷ нафар довталаби номнависшуда намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун иштирок карда натавонист. Ин аст, ки азназаргузаронӣ дар байни чор нафар довталаб: Матлуба Исмонова, мураббияи кӯдакистони рақами 98-и шаҳри Душанбе, Муҳайё Назарова, мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Меҳрангез Исмоилова, мураббияи кӯдакистони №8-и ноҳияи Б. Ғафуров ва Саъбагул Минназарова, мураббияи кӯдакистони рақами 8-и шаҳри Турсунзода гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ  «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Абдуҷаббор Алиев хусусияту бартарӣ ва пешниҳоди назарҳоро оид ба озмуни имсола, ки хеле пуршиддат ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, таҳлил карда, хулосаи қарори ҳайати ҳакамонро оид ба ҳунарнамоии довталабон изҳор намуд. Дар натиҷа намояндаи вилояти Суғд Меҳрангез Исмоилова бо гирифтани холи аз ҳама зиёд соҳиби ҷойи аввал гардид. Ба Меҳрангез мукофоти аввал дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ҳамчунин тамоми иштирокчиён бо фармоиши Вазири маориф ва илм бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд