Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов - 18.08.2018 17:05
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов - 18.08.2018 16:59
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” ба Пешвои миллат - 18.08.2018 07:14
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» - 18.08.2018 07:13
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 18.08.2018 07:08
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» - 18.08.2018 07:04
Илова ба филми "БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ" - 17.08.2018 17:33
Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 17.08.2018 12:49
Имсол аз вилояти Суғд беш аз 1600 нафар барои адои маносики Ҳаҷ рафтанд - 17.08.2018 11:44
Ба муносибати Иди Қурбон бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд - 17.08.2018 11:43

Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон мулоқоти гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон баргузор гардид.

Мулоқотро раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён шуданд. 

Сипас, роҳбари гуруҳи корӣ Қодири Қосим - раиси Федератсияи иттифоқи касабаи Тоҷикистон доир ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зарурати эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ваҳунарҳои мардумӣ”, рушди иқтисоди миллӣ, зиёд гаштани музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорон андешаронӣ намуд. 

Ҳамзамон, сардори шуъбаи гулистонии Раёсати КДАМ Хаёл Ҳакимов  суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар Паём авзои ҷомеаи имрўзаи ҷаҳонӣтаҳлил гардида, нисбати раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” изҳори нигаронӣ карда шудааст. 
Дар фарҷоми мулоқот сокинони маркази шаҳр Садойат Норматова ва Бахтиёри Бойназар доир ба Паём ва барои дар амал татбий намудани дастуру супоришҳои ояндасози Сарвари давлат ибрози андеша карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд