Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат!

( 6 Овоз )

Имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Истаравшан мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории таблиғотӣ бо аҳолӣ  баргузор гардида истодаанд. Ҳадафи онҳо шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ  ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Нуралӣ Солеҳов иброз намуд, ки дар Паём  омадааст, ки «дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст». Дар ин замина сатҳу сифати таълим бояд дар мактабҳо баланд бардошта шавад ва дар мактабҳои миёнаи умумӣ озмоишгоҳҳои фаннӣ бояд амал намоянд, то фанҳои дақиқ бо назария ва амалия чуқур омӯзонида шаванд. Бояд ҷавонон якчанд забони хориҷиро омӯзанд, то мутахассисони хуби соҳаҳои мухталиф гарданд.

Тавре Пешвои  миллат дар Паёмашон таъкид намуданд: «Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, ба заминаҳои моддиву  техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким бахшем ва самаранокии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем».

Дар мулоқот зикр шуд, ки дар Паём сиёсати хориҷии давлат дар мадди аввал гузошта шуда, зикр гардидааст, ки «cиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи ҷумҳурӣ дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ меандешем».

Паёми Пешвои миллат раҳнамои ҳаёти босаодат буда, барои зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст. Мардуми сарбаланду некноми Истаравшани бостонӣ ин Паёми раҳнаморо ҳаматарафа омӯхта, сармашқи кори хеш намуда, баҳри амалӣ гардидани он кӯшиш менамоянд.

Нигора ҲАЙДАРЗОДА,
муовини раиси шаҳри Истаравшан

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат!