Хабарҳо
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон - 17.01.2019 09:35
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид

( 0 Овоз )

Рӯзи 13 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати раиси ноҳия Зариф Назирӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия ширкат варзиданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷаласаи корӣ ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид. Роҳбари ноҳия таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷиҳати таҳкими раванди яхобмонӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзӣ, омодасозии пурраи пойгоҳҳои маҳаллии обкашӣ ва иншооти обрасон дар муҳлати муайянгардида ҷалб намуд ва масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияро муваззаф намуд. Ҳамчунин дар ҷаласаи корӣ таъкид гардид, ки бобати ҷамъоварии саривақтии ҳақи оби кишоварзӣ аз ҷониби истифодабарандагон, пардохти ҳақи неруи барқ аз ҷониби муассисаҳои соҳаи обтаъминкунӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои сокинони маркази вилоят ва шаҳрҳои дигари саноатӣ тадбирҳои таъхирнопазир ва амалӣ андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни нахустин машварати корӣ ба роҳбарони навоҳии кишоварзӣ дастур дода буд, ки бинобар хушк омадани ҳаво дар мавсими зимистони имсола бар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид