Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Хуҷанд. Мулоқотҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат идома дорад

( 0 Овоз )

Вобаста ба шарҳу эзоҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, дар шаҳри Хуҷанд силсилавохӯриҳо бо намояндагони табақаҳои  гуногуни ҷомеа баргузор шуда истодааст.

Аз ҷумлаи чунин вохӯриҳо дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд доир гардид, ки дар он намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзишу иҷтимоиёт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амният ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва маърӯзачиёни вохӯриро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мӯъмин Шарифзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммадов иштирокдори вохӯрӣ буданд. Гулбаҳор Назирӣ зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат аз сиёсати хориҷӣ оғоз гардида, дар он роҷеъ ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва сайёҳӣ сухан рафтааст.

Вобаста ба масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова сухан карда, зикр намуд, ки сол аз сол ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат бештар мегардад. Пешвои миллат роҷеъ ба беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳарф зада, ҳамчунин аз як қатор мушкилоте, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд, изҳори нигаронӣ намуданд.

-Дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд. Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъ аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад, - гуфт Саодат Аминҷонова.

Вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсати «дарҳои кушод», раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави ҷанги сард, нооромиву низоъҳо ректори ДДҲБСТ Мӯъмин Шарифзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шероз Пиров ва декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Шӯҳрат Кенҷаев маърӯза намуданд.

Дар охири мулоқот сардухтури Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Собир Собиров барои баргузории чунин мулоқот арзи сипос кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Мулоқотҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат идома дорад