Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарони шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12
«Национальный Альянс» так называемой Таджикской оппозиции создан для войны. так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров - 21.09.2018 22:18
Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ ҷамъбаст гардид - 21.09.2018 15:43
Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА - 21.09.2018 11:19
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) - 21.09.2018 11:17
АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ - 21.09.2018 10:06
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард - 21.09.2018 09:10
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49

Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли гузашта ба маблағи 940 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд

( 0 Овоз )

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2017 маҷлиси фаъолон баргузор гардид.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маҷлис, ки таҳти раёсати раиси ноҳия Назирӣ Зариф Вализода баргузор гардид, муовини Раиси вилоят Ориф Ашӯрӣ, муовинонираиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар маҷлис ҳисоботи муовини раиси ноҳия Мастура Комилӣ оид ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли сипаршуда шунида шуд. Мавсуф дар суханронии хеш аз ҷумла таъкид кард, ки дар давраи ҳисоботӣ бо вуҷуди фарогирии буҳрони молиявию иқтисодӣ, дар натиҷаи заҳмати созандагиву бунёдкоронаи мардуми ноҳия суръати афзоиши нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин гардиданд. Тамоюли рушд асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, зиёд намудани савдои дохилию хориҷӣ ва хизматрасониҳо таъмин карда шуданд.

Бино ба иттилои М. Комилӣ дар ноҳия нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 101,8 фоиз таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад 104,9 фоиз иҷро шудааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 394 млн. сомонӣ зиёд ва вусъати афзоиш 163,3 фоизро ташкил додааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ноҳия суръати афзоиш дар соҳаи кишоварзӣ низ таъмин гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба малбағи наздик ба 940 млн.сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра суръати афзоиши истеҳсоли ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, мевагиҳо, ангур, полезӣ, гӯшт, шир ва тухм таъмин гардидааст.

Дар маҷлиси фаъолон роҳбарони як қатор идораву ташкилотҳои ноҳиявӣ мавриди пурсиш қарор дода шуданд.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамзамон муовини Раиси вилоят Ориф Ашӯрӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят ва ноҳия ибрози ақида намуд.

Дар поёни маҷлис дар назди масъулини ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли гузашта ба маблағи 940 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд