Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Фаъолони шаҳри Истаравшан аз фаъолияти яксола натиҷагирӣ карданд

( 3 Овоз )

Рӯзи 9 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактаби, коллеҷҳо, мудирони шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва намоянлагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Баҳром Иноятзода ,раиси шаҳри Истаравшан маҷлисро оғоз намуд ва сипас вобаста ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли гузашта муовини раиси шаҳр Содиқ Мирсаидӣ гузориш дод. Бино ба иттилои Содиқ Мирсадӣ дар соли сипаришуда ба буҷети давлатӣ 144 млн. 111 ҳазор сомонӣ маблағ ворид таъмин гардид, ки аз нақша 5 млн. 593,2 сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ низ барзиёд таъмин гардида, 95 млн. 235, 7 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд.

Саноатчиёни шаҳр дар соли 2017 ба маблағи 355 млн. 907,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 858 млн. сомониро ташкил дода, кишоварзон 35598,7 тонна ғалладонагиҳо, 35986 тонна картошка, 72282 тонна сабзавот, 9559 тонна мевагиҳо, 26059 тонна ангур, 10344 тонна полезиҳо истеҳсол намудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин 4 ҳазору 872 тонна гӯшт ва 16 млн. 592 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки он нисбат ба соли 2016 мутаносибан 113 тонна ва 2 млн. 508 ҳазор дона зиёд гаштааст.

Дар маҷмӯъ, соли сипаришудаи 2017 барои мардуми шаҳр воқеан ҳам давраи вусъати корҳои ободониву созандагӣ буд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ҷиҳати таҳким ва вусъати дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр тамоми тадбирҳоро меандешад.

Дар рафти ҷаласа Баҳром Иноятзода аз муовинони соҳавӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва як қатор роҳбарони сохторҳои марбута пурсиш ба амал овард.

Дар маҷлиси фаъолони шаҳри Истаравшан муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ низ суханронӣ намуда, барои расидан ба натиҷаҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба кулли фаъолон ва мардуми шаҳри Истаравшан барору комёбиҳо таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Фаъолони шаҳри Истаравшан аз фаъолияти яксола натиҷагирӣ карданд