Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарони шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12
«Национальный Альянс» так называемой Таджикской оппозиции создан для войны. так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров - 21.09.2018 22:18
Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ ҷамъбаст гардид - 21.09.2018 15:43
Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА - 21.09.2018 11:19
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) - 21.09.2018 11:17
АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ - 21.09.2018 10:06
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард - 21.09.2018 09:10
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49

Хуҷанд. Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣдар соли 2017

( 1 Овоз )

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 маҷлиси фаъолон баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолон, ки бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ баргузор шуд, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2017 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода доир ба бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 342,5 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 6,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 32,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ба иттилои Раъно Ҳошимзода аз тарафи 18 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 322,1 млн. сомонӣ маҳсулот ба 14 давлати хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳаҷми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 141,6 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Инчунин аз ҷониби 39 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 274,3 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 48,7 млн. сомонӣ, ё 21,6 фоиз зиёд мебошад.

Раъно Ҳошимзода гуфт, ки баҳри таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2360 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2269 нафарашон маълумоти олӣ, 37 нафар олии нопурра ва 54 нафарашон маълумоти миёнаи махсус доранд. 253 нафар омӯзгорону мураббиён бо сабабҳои гуногун (нафақа, ивази ҷои истиқомат, шароити оилавӣ ва беморӣ) тарки вазифа намуда бошанд, ба ивази онҳо 305 омӯзгорон ва мураббиён ба кор ҷалб карда шуданд. Дар айни замон муассисаҳои таълимии шаҳр ба кадрҳои педагогӣ эҳтиёҷ надоранд. Мувофиқи нақшаи курси такмили ихтисос соли 2017 бояд 450 нафар омӯзгорон савияи дониши худро такмил медоданд ва то имрӯз 532 нафар кормандони соҳаи маориф савияи дониши худро баланд бардоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки 161 нафар шаҳрвандон, ки ба хизмати хонагӣ ниёз доранд, хизмат расонида шуда, аз ҷониби хизматгузорони соҳавӣ ба ҳар яки онҳо дар як ҳафта ду маротиба хизмат расонида мешавад. Дар ин давра оид ба таъмини эҳтиёҷмандон бо воситаи техникии тавонбахшӣ ва таъмини онҳо бо аробачаи маъюбӣ 24 нафар муроҷиат намуда, аз онҳо 22 нафарашон бо аробача таъмин карда шуданд. Барои ҳифзи иҷтимоии эҳтиёҷмандон аз буҷети маҳаллӣ  1852,2 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, самаранок истифода бурда шудааст. Шумораи маъюбоне, ки дар қайди расмӣ истодаанд, дар ин давра 5012 нафар, аз ҷумла 2150 нафар мардҳо ва 2862 нафар занонро ташкил медиҳад. Шумораи кӯдакони маъюби то 18-сола бошад, 546 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 331 нафар писар ва 215 нафар духтар мебошанд.

Сипас, Усмон Олимзода, мудири шуъбаи иқтисод ва савдо, Мӯъмин Муҳаммадзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноат, Иброҳим Қаландаров, директори генералии КВДК Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ, Илҳом Султонӣ, мудири шуъбаи маориф, Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши ҷавонон ва варзиш, Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва Мӯҳсин Миркамолов, мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ доир ба фаъолияти соҳаҳо маълумот доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз роҳбарони сохторҳои номбурда, роҷеъ ба  камбудиву муаммои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани нуқсонҳодастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки дар самти пешгирии пошхурии оилаҳо, зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти саноатии шаҳр, бартарафкунии офати табии рухдода, бештар намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои ҷавонони кумитаи маҳаллаҳо, чароғон ва мумфаршнамоии кӯчаҳои шаҳраки Сайҳун тадбирҳои ҷиддӣ андешида шавад.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иттилоъ дод. Мавсуф аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти мардум саъю кӯшиш намоянд. Зикр гардид, ки шаҳри Хуҷанд бо назардошти маркази маъмурии вилояти Суғд буданаш бояд дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти вилоят пешсаф бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣдар соли 2017