Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯён мулоқот мекунанд

( 0 Овоз )

Аз 4 апрел то 12 майи соли 2018 раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, вохӯриҳо баргузор менамоянд.

Тибқи ҷадвале, ки аз ҷониби роҳбарияти вилоят тасдиқ гардидааст, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯён ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилотии олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуда, ба донишҷӯёни аълохон ва камбизоат кумакҳои моддӣ мерасонанд. Дар назар аст, ки баъди вохӯриҳо барои донишҷӯён бо ҷалби ҳофизони маҳаллӣ ва шоирону нависандагон барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шавад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки бо иқдоми роҳбарияти вилоят чанд сол инҷониб чунин мулоқотҳо ташкил карда мешавад. Моҳи декабри соли 2017 раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят таҳсил мекунанд, вохӯриҳо доир намуда буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯён мулоқот мекунанд