Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

«Мактаби сарварони ҷавон» аз ҳисоби духтарон роҳбар омода менамояд

( 0 Овоз )

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои омӯзиш дар курси семоҳаи «Мактаби сарварони ҷавон» озмун сурат гирифт, ки дар он зиёда аз 80 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Аз байни донишҷӯёни болаёқат, ки шавқи зиёд ба сиёсат доранд, 20 нафар беҳтаринҳо тариқи саволу ҷавоб интихоб карда шуданд.

Минбаъд ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе ба омӯзандагони курси мазкур донишмандон, сиёсатмадорон ва собиқадорони арсаи сиёсат дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ, усули корбарӣ дар мақомот ва ғайраҳо дарс мегӯянд. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки ба хатмкунандагони курси семоҳа Шаҳодатнома супорад.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузориикадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтаронилаёқатманд барои солҳои 2017-2022, амалӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Мактаби сарварони ҷавон» аз ҳисоби духтарон роҳбар омода менамояд