Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2018 15:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сокинони Шаҳристонро даъват намуданд, ки дӯстию ҳамкориро бо Ӯзбекистон густариш бахшанд - 25.06.2018 15:07
Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии “Киропол” дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 09:28
Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи «Роҳи абрешим» дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:43
Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:30
Муроҷиати иттиҳоди точикони Қазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом - 25.06.2018 08:48
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:19
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:18
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд - 25.06.2018 07:01
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳристон - 24.06.2018 13:00

Тоҷикистон аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ дар ҷаҳон мавқеи 7-умро ишғол намуд

( 0 Овоз )

Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини ҷаҳон  шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар такя ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар панҷгонаи аввали ин раддабандӣ Покистон, Россия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон қарор доранд.

Маврид ба зикр аст, ки  бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.

“Дар рӯзҳои аввали “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, дар даҳгонаи аввали назарсанҷии Ташкилоти бритониёии саёҳати пиёдагардӣ, ки  давоми 4-5 соли охир ба зиёда аз 80 кишвари дунё сафар карда, макони беҳтаринро барои саёҳати пиёдагардӣ ва саргузаштӣ интихоб намуданд, шомил гардидани Тоҷикистон аз рушди сайёҳӣ дар  кишвари мо шаҳодат медиҳад”, -хабар додаанд аз Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Ташкилоти байналмилалии “British Backpacker Society” ҷамъияти сайёҳиест, ки тасмим дорад ин гуна сафарҳоро идома дода, ҷуғрофияи давлатҳои тавсиявиро барои саёҳат дар соли 2018 васеъ намояд.

Саёҳати пиёдагардӣ яке аз намудҳои саёҳати шахсӣ ва нисбатан арзон буда, фарогири истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳои арзон (бо истифода аз ҳостелҳо), замонати будубоши тӯлонитар  ва арзон дар муқоиса ба рухсатиҳои истироҳатӣ ва рағбати шиносоӣ бо анъана ва расму оинҳои мардумӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, ки дар самти содагардонии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус сайёҳон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти назаррас гузаронида шудааст. Аз ҷумла, низоми раводиди электронӣ, ки аз соли 2016 ҷорӣ гардид, ба он мусоидат намуд, ки ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон аз 109 давлат то ба 146 давлат васеъ карда шавад.

Дастгирии навбатии Пешвои миллат ҷиҳати то 10 рӯз тамдид намудани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар Паёми имсолаи Сарвали давлат пешниҳод шуд, иқдоми ниҳоят саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамониати сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ва ҷалби васеи сайёҳон дар ҷумҳурӣ такони хуб хоҳад бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тоҷикистон аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ дар ҷаҳон мавқеи 7-умро ишғол намуд