Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Хуҷанд. Барои ҳунаромӯзии хонандагон шароитҳои зарурӣ фароҳам мешавад

( 0 Овоз )

3 январи соли 2018 шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, хусусӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳр мулоқот орост.

Зимни мулоқот раиси шаҳри Хуҷанд баҳри рушди соҳаи маориф, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва томактабӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илм, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва барномаю қарорҳои соҳаи маориф ва илм  чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Шаҳрдори Хуҷанд ҳамзамон вобаста ба эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” андешҳои худро баён намуда, дастур дод, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр барои тарбияи завқи зебоипарастӣ ва касбу ҳунаромӯзии хонандагон гӯшаҳои махсус ҷудо ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Барои ҳунаромӯзии хонандагон шароитҳои зарурӣ фароҳам мешавад