Хабарҳо
Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт - 21.06.2018 14:40
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон - 21.06.2018 11:47
Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» гузаронида мешавад - 21.06.2018 08:53
Ғолибияти хонандагони вилояти Суғд дар озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» - 21.06.2018 08:41
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51

Дар муассисаҳои истироҳатии шаҳри Гулистон беш аз 30 000 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд

( 0 Овоз )

Давоми соли 2017 дар муассисаҳои истироҳатии шаҳри Гулистон, ки яке аз минтақаҳои сайёҳии мамлакат маҳсуб меёбад, 3823 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 26900 нафар сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар истироҳату табобат гирифтаанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд, дар шаҳр дар як вақт имкони қабули 1100 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон мавҷуд буда, осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин» ва маркази хизматрасонии “Усмонҷон” фаъолият доранд.

Хотирнишон бояд кард, ки соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шудааст. Алҳол, дар минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон сохтмони як қатор бино ва иншооти истироҳатӣ идома дорад, ки барои ҷалби сайёҳон мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар муассисаҳои истироҳатии шаҳри Гулистон беш аз 30 000 нафар ба истироҳату табобат фаро гирифта шуданд